Ҳиҷоб-камоли ҳусн Тангназарии мардуми мо имрӯз мутаҳаммили бори ҳикмати ҳиҷоб аст. Мо Тоҷикистониён наметавонем даҳсолае ҳадди ақал, бидуни эҳсосот як чунин мавзӯъеро дар маърази баҳси омма қарор надиҳем ва кашмакашу балвоҳоеро, ки фарсахҳо аз чаҳорчӯби қабулшудаи маданияти баҳс дур аст, ба роҳ на андозем. Ин, албатта, аз тангназарист. Агар воқеан мо тангназар набудем, ҷаҳонбинии мо васеъ мебуд, дар ҳар масъала роҳи ҳалҳое нозук ва зариф мавҷуд аст. Масалан, дар ҳусуси ҳамин масъалаи ҳиҷоб. Ин масъала дар давлатҳои шарқӣ ва исломӣ кайҳо боз ҳалли ҳудро ёфтааст.
Аввалан барои он, ки ин давлатҳо идеалогияи шадиди коммунистиро аз сар нагузаронидаанд. Дуввум ин, ки дар ин давлатҳо роҳ ва самтҳои тарѓиб ва даъвати Ислом рӯи ягон чаҳорчӯбаи низоми давлатӣ аз ягон ҷиҳат маҳдуд набудааст. …Бояд ҳар вазир ва ё ҳар вакил ба ин гуна бархӯрдҳои зеҳнӣ дар муносибат бо аслҳои динӣ ва фарҳанги динӣ омода бошад ва дар сурати бархӯрдҳо бо чунин падидаҳои динӣ, ақидатӣ ба эҳсосоти шахсӣ ва яклаҳзаии хеш роҳ надиҳад. Бояд ҳар вазир ё вакил ё ходими умури давлат дар қиболи сиёсати глобализатсия ба ҳар гуна бархӯрд, бо ҳамин гуна худшиносиҳои мардуми бумии Тоҷикистон, ки рӯзафзун хоҳад буд, тобовар бошанд. Ва дар нисбати ин падидаҳо амали солимро раво бинад. Бояд ҳар вазир ё вакил ба навгониҳо ва навгомиҳои аср ва сохти нав, бо бо сифати нав бо фарҳанги қадимаву аҷдодии худ гом ниҳад....
Мардуми ин кишварҳо ҳар масъала ва мушкилоте, ки тақозои шарҳу ҳалу фасли шариати исломро дорад, бо тамоми нуқтаи назарҳои шаръӣ ва паҳлӯҳояшон медонанд. Дар шаҳрҳо ва вилоятҳо ва деҳаҳо дари ҳазорон ҳазор масҷид ба рӯи мардум боз аст. Илова бар ин, дар ин масоҷид ҳазорон олимон, фақеҳон ва донишмандони дин амал мекунанд, ки мисли муллоҳои мо бо саводи нокофӣ масъулияти иҷтимои мусулмононро ба ӯҳда надоранд. Бар замми ин, дар ин давлатҳо уламои дин озодии комил доранд, ки аз васоити ахбор истифодаи пурра баранд ва ҳамарӯза аз масоили шаръии Ислом ба мардум маърӯзаҳо хонанд ё мақолаҳо интишор намоянд. Дар макотиб, мадориси умумӣ ва ҳамагонӣ улуми қуръонӣ ва шаръ таълим дода шавад. Дар нисбати мадорис ва макотиби олӣ ва миёнаву техникӣ, ки улуми дунё ва муосир омӯхта мешавад, як баробар ё аз он зиёда улуми қуръонӣ ва шаръ омӯхта мешавад. Бигирем ҳамин масъалаи ҳиҷобро. Новобаста аз он ки низоми давлатии давлати Миср дунявии демократист, на низоми мутлақи исломӣ 65 (шасту панҷ) ё 70 (ҳафтод) фисади занҳои ин давлат ҳиҷоби исломиро риоя мекунанд. Фарҳангу ҳикмат ва ҳукми онро дар Ислом ин занҳо хуб ва бо сароҳат медонанд. Хукми он дар Ислом чист? Дар Қурони маҷид Худованд мефармояд, ки "Занҳои мусулмон бояд аз ҳиҷоб риоя кунанд то онҳо дар ҷамъият тамйиз шаванд ва ба онҳо озору азият расонда нашавад" (Сураи Аҳзоб ояти 59). Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҳар ҷамъият дар ҳар давру замон ҷамъиятҳо аз ашхоси бадкирдор, авбош, ҳавасрон ва бадкор орӣ нестанд ва ин гуна ашхоси нобакор ҳама вақт дар ҳар ҷо мавҷуд аст. Барои он, ки зан дар ҷамъият аз таҳоҷуми ин гуна ашхос эмин бошад, бояд дар сару либос аз мард фарқ кунад. То дар сурати ҳамин гуна ҳамла ва таҳоҷум эмин монад. Ба ҳамагон маълум, ки зан ҷинси латиф ва нозук аст. Аз ин рӯ, корҳои вазнину сангин, ки хоси ҷинси қавии мард аст, ба ҷинси зан хос нест. Дар Қуръони Шариф фармудаи Худовандист дар ин хусус, ки мефармояд: "Мардон аз занон дида қавианд" (Сураи Нисо ояти 34). Ҳамин нозукиеро, ки хоси занон аст ва дар Қуръон зикраш хосатан рафтааст, ки хилқати зан дар чунин як заъфи нисбӣ дар нисбати мардон офарида шудааст, ҳамин хилқати фитрӣ ва ботинӣ бояд дар зоҳир низ ошкор ва аён карда шавад. То шинохта шаванд занҳо дар ҷамъият ва ҷамъият дар нисбати онҳо эҳтиромоти хоссаеро қоил бошад. Олими фақиди фиқҳ ва тафсири қуръон Муҳаммад Шаъровии мисрӣ дар тафсири ояи ҳиҷоб дар баробари тафсилу шарҳҳои зиёд як ҷумлаеро меорад, ки инсон аз рӯи фитрати олии инсонӣ худ аз ибтидои офариниш ҳамеша ниёз дошта ба як пӯшиши зоҳирӣ, ҳатто инсонҳои давраи ибтидо, ки фаҳмишоти умумиеро доир ба пӯшиш ва лозим гирифтани либос бар худ надоштанд, як идда аъзои бадани худро ѓайриихтиёр ва донишу фаҳмиш малбус медоштанд. Чуноне зикр гардид, бидуни ихтиёр ва маълумоте доир ба либос ва пӯшиш. Бале ва чуноне ҳам, ки Саъдии бузургвор мефармояд: "Тани одами шариф аст ба ҷони одамият". Худои азза ва ҷала фитрати инсонро бисёр олӣ, зебо ва шариф офаридааст, ки аз тақозои ин фитрати олӣ дар ҳама давру замонҳо новобаста аз таъайюноту таақулот ва тааққудоти тадайюнот пӯшиш ва сари аъзои бадан будааст. Ҳиҷоб нисфи ҳусн мегӯянд, ки комилан дуруст аст. Балки он камоли ҳусни занон дар зоҳир ва ботин аст. Ҳиҷоб ҳуҷҷати иффат ва таҳорати зоҳирию ботинии инсон аст. Модар-зан, ки мутаҳаммили асосҳои пойдор ва устувори ҷомеаи башариро қарнҳо дар тӯли таърих аз ибтидо то асрҳои муосир бар дӯш дошт ва бори саломатии фитрӣ, рӯҳонӣ ва ахлоқии ҷомеаҳои башарро мекашид, маҳз ниёз ба ҳамин гуна пӯшишҳои зоҳирию ботинӣ дорад. Албатта, ин ниёзи онҳо дар тамоми давраҳо эҳсос мешудааст. Аммо дар асри ҳозир, ки меъёрҳои ахлоқии башарӣ дар қиболи унсурҳои иқтисодӣ ва молӣ ва дар маҷмӯъ ин гуна меъёрҳои маънавӣ дар қиболи аслҳои моддӣ ба эҳтиромоти зан ва модар ва ҳиҷоби он бештар ва бештар эҳсос мегардад. Вақте адабиёти ҳазорсолаамонро варақ мезанем, чи қадар сатрҳои рангинеро доир ба ҳаёву шарм ва иффату покии виҷдон, ҳусусан занон меёбем. Ман гумон мекунам, дар тӯли таърих адабиёти ягон халқи дунё ин қадар мисли адабиёти халқи мо васфу тараннуми покию таҳорат ва иффати виҷдони занро накардааст. Дар шоҳбайте омадааст: Ҳаё бояд, ки дорад одамизод, Ки лаънат бар вуҷуди беҳаё бод. Ё ин ки дар ҳусуси шарму ҳаёи занона дар байте омадааст: Гарчи гул дар нозуки машҳур дар баҳру бар аст. Хотири шарму ҳаё аз барги гул нозуктар аст. Ҳар сару садо ва валвалаву шӯре, ки дар ҷомеа бар мехезад, албатта сабабҳои худро дорад. Сабаби ахиран дар маърази матбуоти давр ва нуқтаи баҳс қарор ёфтани масъалаи ҳиҷоб ин буд, ки вазири маорифи кишвар дар як барномаи телевизионӣ вориди синфхонаи донишгоҳе гашт ва духтари тоҷикро, ки рӯсарӣ дошт, суханҳои сахту танбеҳомез гуфт, ки қобили қабули як гурӯҳи тамошобинон нагардид. Ин айнан воқеаеро ба назар меорад, ки чанд сол қабл дар Фаронса рух дода буд. Тибқи супоришҳои махсуси давлати Фаронса занҳое, ки дар ин кишвар аз рӯи тақозои динии худ ҳиҷоб ё русарӣ мепӯшиданд, аз донишгоҳҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ хориҷ мегардиданд. Умуман, давлати Фаронса як идда иқдомҳои имтиноъварзонаро дар нисбати ҳиҷоби занони мусулмон пеш гирифт, ки дар натиҷа мавҷи норозигиҳои мусулмонон, хусусан занҳои мусулмонро ба миён овард. Бархӯрди вазири маориф бо донишҷудухтари тоҷик айнан ҳамон бархӯрди кормандони вазоратхонаҳои давлати Фаронсаро мемонд, ки бисёр бемантиқ ва бемавқеъ буд. Дар робита ба ин мавзӯъ чанде пеш дар ҳафтаномаи "Миллат" (шумораи №18. аз 2 майи соли 2007) зери унвони "Ҳиҷоб-бипӯшед, бипӯшем! Напӯшед, напӯшем?!" мусоҳибаи ду нафар рӯзноманигори радиёи "Озодӣ" Р. Давлат ва Ф. Мелод нашр гардид, ки дар он як идда олимони диншинос ва муҳаққиқини соҳаи сиёсат андешаҳояшонро баён доштаанд. Дар ин мусоҳиба аз ҷумла чунин омадааст: "Аммо дар мавриди ин иқдом бояд гуфт, ки шароити Тоҷикистон аз шароити кишварҳои дигари исломӣ ва ҳам кишварҳои урупоӣ фарқ мекунад. Дар Урупо, дар Фаронса чунин иқдоме аз ҷониби ҳукумат сурат мегирад, ба манзури он аст, ки аз сели муҳоҷирони мусулмон метарсанд ва ё як навъ фарҳанг ва арзишҳои худро аз таъсирпазирии фарҳанги дигар мехоҳанд ҳифз кунанд". Ҳадаф аз овардани ин иқтибос он аст, ки чаро дар Фаронса аз сели муҳоҷирати мусулмонон, ки ба ҷуз фоида ба давлатҳои ѓарбӣ заррае зарар намеоранд, ё таҳоҷуми фарҳанги Ислом ба рӯи фарҳанги урупоии онҳо, ки як фарҳанги хасакӣ ва сарсарие беш нест, метарсанд, вале мо аз таҳоҷуми фарҳанги онон рӯи фарҳанги миллии хеш, ки садҳо сару гардан аз фарҳанги онон аз ҷиҳати назокату зарофат ва буъдҳои таърихии инсонӣ боло меистад, бепарвоем?! Фаронса ва ё ҳар давлате аз давлатҳои Ѓарб метавонанд аз арзишҳои миллӣ ва фарҳанги Шарқ имтиноъ варзанд. Вале ҷамъияти 98 фисадаи мусулмони Тоҷикистонро чӣ гуна аз буъди фарҳанги 1500 (якуним ҳазор)-солааш метавон дур кард? Бояд ҳар вазир ва ё ҳар вакил ба ин гуна бархӯрдҳои зеҳнӣ дар муносибат бо аслҳои динӣ ва фарҳанги динӣ омода бошад ва дар сурати бархӯрдҳо бо чунин падидаҳои динӣ, ақидатӣ ба эҳсосоти шахсӣ ва яклаҳзаии хеш роҳ надиҳад. Бояд ҳар вазир ё вакил ё ходими умури давлат дар қиболи сиёсати глобализатсия ба ҳар гуна бархӯрд, бо ҳамин гуна худшиносиҳои мардуми бумии Тоҷикистон, ки рӯзафзун хоҳад буд, тобовар бошанд. Ва дар нисбати ин падидаҳо амали солимро раво бинад. Бояд ҳар вазир ё вакил ба навгониҳо ва навгомиҳои аср ва сохти нав, бо бо сифати нав бо фарҳанги қадимаву аҷдодии худ гом ниҳанд. Тавре ки Муҳаммад Иқбол мефармояд: "Роҳи обо рав, ки ин ҷамъият аст" Зулфиқори СОЛИҲ |